Даъвои Сергей Пономарёв рад карда шуд

Пулиси  Русия ба муроҷиатиСергей Пономарев, муаллифи мақолаи баҳсбарангези “Тоҷикистон: аз фаромӯшии шуравӣ то ояндаи дурахшон” ҷавоби рад додааст.

Пономарев ахиран бо ирсоли як мактуб ба Вазорати корҳои дохилии кишвараш талаб кард, ки аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон таҳдид ба марг шудааст ва хоста буд, дар қиболи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шавад.
Аммо муовини сардори шӯъбаи пулиси “Строгино” ба Сергей Пономарев посух дода, ки “ба маълумоти шумо мерасонам, аз рӯи аризаи шумо тафтишот анҷом шуд, ки дар натиҷаи он қарори боз накардани парвандаи ҷиноятӣ қабул шуд”. 
Ба иддаои Пономарев пас аз нашри матлабаш ба почтаи электронӣ ва сафҳаи шабакаҳои иҷтимоии ӯ пайёмҳои таҳқиромез мерасиданд ва ҳатто ӯро таҳдид ба куштан мекарданд. Ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоста буд, алайҳи муаллифони ин пайёмҳо парванда боз кунад. 

Сергей Пономарев дар мақолае, ки рӯзи 16 июли соли равон ба нашр расид, Тоҷикистонро “ватани Равшану Ҷамшудҳо” номида буд. Ӯ дар оғози ин мақола, ки сомонаи «Комсомольская правда» мунташир кард, мегӯяд, “дар ҳавопаймое аз Маскав ба самти Хуҷанд равонем ва дар миёни мусофирон танҳо ман чеҳраи славянӣ дорам. Дигарҳо Равшану Ҷамшуданд…”
Ин матлаб вокуниши ҷониби Тоҷикистонро ба бор овард ва Шариф Ҳамдампур,рӯзноманигори тоҷик, ки масъули нашрияи “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон буд, бо нишони эътироз аз нашри он даст кашид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *