Ёде аз адиби сермаҳсул

Дар Китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳфили адабӣ бахшида ба гиромидошти нависандаи маъруф ва сермаҳсули тоҷик, шодравон Аброр Зоҳир (15.01.1965 — 22.11.2015) доир гардид.

Дар он Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Бароти Абдураҳмон, ходими давлатӣ Исмоил Шафиев, нависандагон Садриддин ва Сипеҳр Ҳасанзода, фарҳангшинос ва рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ Ҷонибек Асрориён, Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва як қатор ҳамқаламону дӯстон ва собиқ ҳамкорони адиб ширкат варзида, дар бораи осор ва эҷодиёти Аброр Зоҳир суханронӣ намуданд.

Ходими давлатӣ Исмоил Шафиев пешниҳод намуд, ки барои баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон ва наврасон мактаби деҳаеро, ки адиб онҷо таҳсил кардааст (мактаби миёнаи №4 шаҳри Сарбанд) ба номи Аброр Зоҳир номгузорӣ намоем. Инчунин, дар маҳфил ёру дӯстон ва ҳамқаламони адиб аз хотироти худ ёдоварӣ намуданд.

Дар маҳфил, ҳамчунин аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адиб филми мустанаде пешкаши мухлисони Аброр Зоҳир гардонида шуд.

Иброҳим Усмонов дар фарҷоми суханрониаш мухтасар доир ба адабиёти замони гузашта ва адабиёти муосир маълумот дода, инчунин андешаҳои худро доир ба эҷодиёти Аброр Зоҳир чунин баён доштанд:

«ӯ барои адабиёти миллии тоҷик дурри бебаҳо буд, аз миёни мо рафтани ӯ барои адабиёт ва миллати мо талафоти ҷуброннопазир аст».

Журналист ва нависандаи адабиёти сиёсӣ як сол мешавад, ки ҷисман моро тарк гуфтаанд, аммо ном, кирду амал, хотира ва осори гаронмояи ӯ абадан ҳамсафари миллати фарҳангии мо боқӣ мемонад.

Абдураҳмон Атохоҷа

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *