Даъвои таҷовуз ба номуси Малика дубора тафтиш мешавад

Додситонии кулли Тоҷикистон хостори тафтиши дубораи парвандаи Малика шудааст. Ин сокини 25-солаи Душанбе кормандони милисаи ноҳияи Рӯдакиро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад.

Коалитсияи зидди шиканҷаи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон хабар додааст, ки додситонии кулли Тоҷикистон қарори додситонии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавриди даъвои Малика (номи мустаор) як сокини 25-солаи Душанберо бекор карда, қазияро барои тафтиши дубора ба додситонии ин ноҳия супурдааст.

Сомонаи расмии Коалится аз қавли Абдураҳмон Шарипов, вакили мудофеи ҷабрдида навиштааст, «инчунин, дар бораи раддияи муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ шикояти Малика ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст ва таҳти баррасӣ қарор дорад. Бинобар ин, оид ба ин масъала хулосабарорӣ намудан бармаҳал мебошад. Зеро, бояд пас аз гузаштани ҳама гуна марҳилаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва ба охир расидани санҷиши такрорӣ аз рӯи шикоятҳои Малика, баъдан бояд хулосабарорӣ карда шавад. Қобили зикр аст, ки кирдорҳои нисбати Малика содиршуда боиси хароб гардидани равони ӯ гардидааст, ки мувофики Протоколи Истамбулӣ яке аз аломатҳои натиҷаи муносибати бераҳмона ҳисобида мешавад”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 декабр дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки даъвои Малика дар бораи ба номусаш таҷовуз кардани кормандони милисаи ноҳияи Рӯдакӣ беасос баромад. Бино ба ин манбаъ, «санҷиши холисона” аз ҷониби додситонии ноҳияи Рӯдакӣ муайян кардааст, ки «дар ҳаракатҳои кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣтаркиби ҷиноят дида намешавад. Мувофиқи санади тахшисисудӣбиологӣ таҳти 119 аз 8-уми июли соли 2016 далелиҳодисаи таҷовуз ба номус исбот нагардидааст.Ба ин далел, бино ба гузориши вазорати дохила, додситонии ноҳияи Рӯдакӣ бар асоси қонун ва «бинобар тасдиқ нашудани гуноҳи онҳо” ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ин ду корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакиро рад кардааст.

Малика нозири минтақавии шӯъбаи якуми корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакиро айбдор карда буд, ки нисбат ба ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона содир карда, сипас як корманди фаврии милисаи ин ноҳия «бо роҳи таҳдид ва иръоб ба номуси ӯ таҷовуз кардааст.”

Қазияи Маликаро моҳи ноябр Коалитсияи зидди шиканҷаи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон расонаӣ кард ва гуфт, Маликаро бо вакили мудофеъ таъмин кардааст.

Абдураҳмон Шарипов, вакили мудофеи Малика моҳе пеш дар шарҳи ин қазия гуфта буд, ки ҳодиса моҳи июни соли 2016 рух додааст: «Марди дӯстдоштаи Малика шиносномаи ӯро гирифта буд. Онҳо бояд издивоҷ мекарданд, вале духтар фаҳмид, ки дӯстдоштааш зан доштааст. Ӯ ба хонаи он мард омада, шиносномаашро суроғ кард, вале байни ӯву ҳамсари он мард ҷанҷол бархост. Ҳамсояҳо милисаро даъват карданд ва ҳамаи тарафҳои ҷанҷолро ба шӯъбаи Навобод бурданд.”

Дар шӯъбаи Навобод бо ин гумон, ки Малика ягон зани сабукпост ва ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, «ба ӯ чаққа шудан гирифтанд. Аввал нозири минтақавӣ чаққа шудааст, вале Малика доду фарёд бардоштааст. Сипас вайро ба дасти корманди фаврӣ супурдаанд ва ӯ бо таҳдиди бадном кардан ва бо таҳдиди зӯроварӣ ба номуси духтар даст дароз кардааст.”

Малика баъди ин қазия дар худ фурӯ рафта, аз одамон мегурехт ва дар ниҳоят ба Коалитсияи зидди шиканҷа муроҷиат кард, то барои ба ҷавобгарӣ кашондани милисаҳое, ки нисбат ба ӯ бадрафторӣ ва ба номусаш таҷовуз кардаанд, кумакаш кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *