Давраи сеюми бақайдгирии довталабон оғоз гардид
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дирӯз, 4‑уми сентябр бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз кард.
Бино ба иттилои ММТ, нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон (давраи сеюм) дар 9 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ — Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт ташкил карда шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:
— шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;
— довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;
— довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;
— довталабони дар асоси яке аз озмунҳо — тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
— довталабоне, ки дар асоси дар яке аз озмунҳо — тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Шахси хоҳишманди иштирок дар даври сеюми ИМД-2023 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад. Хотиррасон мекунем, ки бо мақсади осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти худу корманди нуқтаи бақайдгирӣ довталаб метавонад бо истифода аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” қаблан худро сабти ном карда, баъдан барои бақайдгирии расмӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шавад.
Муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе то 13-уми сентябр ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар то 12-уми сентябр муқаррар гардидааст. Хотиррасон мекунем, ки агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар он худро сабти ном кардааст, муроҷиат кунад.
Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун — тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023 холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ ва макони фиристодани даъватномаро бояд интихоб кард. Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ — англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро интихоб карда метавонанд.
Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд.
Тибқи нақшаи пешакӣ, довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм – 17-уми сентябр месупоранд. Дар ин давраи бақайдгирӣ ба довталабон 4 шаҳр – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо яке аз инҳоро интихоб карда метавонанд.
Инчунин, барои довталабоне, ки дар ин давра ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб мекунанд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В рӯзи 18-уми сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронда мешавад.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 25 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хизматрасонӣ дар ИМД-2023, аз ҷумла дар бораи шахсони дар пардохти маблағи мазкур имтиёздошта, дар зер оварда шудааст.
Маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” бояд пешакӣ пардохта, рақами расиди пардохт ба шахси масъули нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.
Маълумоти муфассалро дар бораи масъалаҳои марбут ба ИМД аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ