Леонел Месси

Дубли Месси ва ғалабаи “Интер Майами”

Бозии навбатии MLS ба охир расид, ки дар он “ Интер Майами” дар меҳмонӣ бо “Лос Анҷелес” бозӣ кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “BMO Стэдиум” баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 3 ба фоидаи дастаи шаҳри Майами анҷом ёфтааст.

Ҳамлагари аргентинии дастаи “Интер Майами” давоми 90 дақиқа дар майдон бозӣ карда, 2 ирсоли головар ба ҳамдастаҳояш анҷом додааст. Голҳоро дар ҳайати бошгоҳи “Интер Майами” Факундо Фариас, Жорди Алба ва Леонардо Кампана ба самар расонидаанд. Аз ҳайати мизбонон дар дақиқаҳои охири бозӣ Райан Ҳолигшеад ба ҳадаф расонидааст.

Бо ин ғалаба “Интер Майами” ҳоло бо 25 имтиёз дар ҷадвали конфронси шарқӣ дар зинаи 14-ум қарор дорад. “Лос Анҷелес” бо 40 имтиёз дар зинаи 3-юми конфронси ғарбӣ аст.

Дар даври навбатӣ «Интер Майами» бо «Спортинг Канзас Сити» вомехӯрад. Бозӣ 10-уми сентябр соати 4:30 дақиқаи субҳ ба вақти Душанбе оғоз мешавад. “Лос Анҷелес” дар навбати худ дар ҳамон рӯз бо “Портленд Тимберс” бозӣ мекунад. Бозӣ соати 7:30 дақиқа ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *