ДБССТ ҳамкориро бо донишгоҳҳои Ҳиндустон ба роҳ монд

Интизор меравад, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маркази омӯзиши забонҳои англисӣ ва ҳиндӣ таъсис дода шавад. Дар ростои ин тасмим ректори донишгоҳи номбурда Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишгоҳи Панҷоби Ҳиндустон ҷаноби Арвинд дидору гуфтугӯ кардаанд.

Бино ба иттилои расида, ҳоло ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои олӣ дар Ҳиндустон қарор дорад.

“Намояндагони донишгоҳи мазкур таҳти роҳбарии ректор Убайдулло Асрорзода ба Донишгоҳи Панҷоби вилояти Панҷоби Ҳиндустон ташриф оварданд. Меҳмононро роҳбари аввали донишгоҳ профессор Арвинд бо ҳайати роҳбарикунандаи муассисааш ба ҳузур пазируфт”, — иттилоъ доданд ба Pressa.tj аз донишгоҳи номбурда.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масоили  ҳамкориро дар самти омодасозии муштараки кадрҳо, табодули академии донишҷӯёну магистрантон, такмили ихтисоси омӯзгорон, анҷом додани таҳқиқоти муштараки илмӣ дар самтҳои афзалиятноки илм, аз ҷумла сайёҳӣ, инчунин, ташкили курсҳои омӯзишии забонҳо, ҷалби ҳайати профессорон ба ДБССТ ва амсоли инҳо муҳокима намуданд. Аз ҷониби  профессор Арвинд пешниҳод гардидааст, ки дар ДБССТ Маркази омӯзиши забонҳои англисӣ ва ҳиндӣ таъсис дода шавад. Дар ин росто, ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода иброз доштааст, ки ин масъаларо дар доираи санадҳои меъёрии амалкунанда ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳа баррасӣ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *