Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забон дар Хатлон

Дар шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми мондагори Пешвои миллат дар бузургдошт ва рушди забони тоҷикӣ» гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ донишмандону олимон, омӯзгорону донишҷӯён ва масъулини идораву муассисаҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон дар бораи мақоми забони давлатӣ, ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлат дар баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он сухан гуфт.

Рустам Тағоймуродов, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бошад, дар мавзӯи «Нақши забон дар ҷомеа ва саҳми Пешвои миллат дар рушди он» баромад кард.

Ҳамчунин, дигар донишмандону омӯзгорон аз мақому манзалати забони давлатӣ сухан карда, мақоми забони давлатиро дар кишвар баланд арзёбӣ намуданд. 

Дар конфронси «Саҳми мондагори Пешвои миллат дар бузургдошт ва рушди забони тоҷикӣ» шеърҳо дар васфи забони тоҷикӣ аз ашъори шоирон қироат карда шуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *