Афзоиши вируси “А” дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон хатари гирифторӣ ба гепатити вирусии А миёни кӯдакон афзоиш ёфтааст. Аммо масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин беморӣ мавсимӣ буда, боиси нигаронӣ нест.

Бино ба иттилои Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, ҳоло ҳолатҳои сирояти бемории гепатит А дар байни бачагони аз 3 то 14-солае, ки ба мактабҳо ва боғча мераванд, ба қайд гирифта мешавад.

Ба гуфти ӯ, ин як бемории мавсимӣ аст ва ҷойи нигароние надорад. «Сироят асосан тавассути ғизо ва оби олуда ба вуҷуд меояд ва ба ин далел, хатари сироятёбии кӯдаконе, ки ба боғча ва мактаб мераванд, зиёд аст»,- иброз дошт ӯ.

Ӯ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон кӯдакон зидди гепатити А эм намешаванд, зеро ба он танҳо тибқи нишондодҳои эпидемиявӣ муроҷиат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *