ДДҲБСТ: Шумораи донишҷӯён 3% афзудааст

“Сохтори донишгоҳ аз 6 факултет, 29 кафедра, як маркази забономӯзӣ, як варзишгоҳ иборат аст.Теъдоди умумии донишҷӯён дар донишгоҳ 6922 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 4117 нафарашон дар шӯъбаи рӯзона, 2477 нафар дар шӯъбаи ғоибона ва 328 нафар дар макистратура таҳсил мекунанд. Шумораи донишҷӯён нисбат ба ба соли гузашта 3 фоиз афзудааст. Аз оғози соли хониши 2017-2018 таҳсил дар донишгоҳ аз рӯйи 26 ихтисоси замонавӣ роҳандозӣ гардидааст”-қайд кард ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ биснес ва сиёсати Тоҷикистон,  Шарифзода Мумин Машокир.

Дар донишгоҳ раванди таълим бо барномаи махсуси “СКАРТ”(системаи коркарди автоматикунонии раванди таълим) ба роҳ монда шудааст. Барномаи мазкур дар баробари муайян кардани рейтингҳои марҳилавию ниҳоии донишҷӯён ва омода намудани маълумотномаи академӣ имконият медиҳад, ки нитиҷаҳои донишандӯзии донишҷӯён дар мӯҳлати кӯтоҳ ба анҷом расад.

Имрӯз донишгоҳ бо 63 муассисаи илмӣ ва таълимии ватанӣ ва кишварҳои хориҷ, аз ҷумла 32 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Русия, 8 муассисаи ватанӣ, 7 муассисаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шарномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *