Таркиш дар пойтахти Туркия

Таркиши бузург дар пойтахти Туркия шаҳри  Анқара рух дод. Дар ин бора васоити ахбори оммаи маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ садои баланди таркиш тақрибан соати сеи  рӯз дар якчанд ноҳияҳои шаҳр шунида шуд. Маркази таркиш ноҳияи шаҳрии Эрйаман мебошад.

Баъди муроҷияти якчанд шаҳрвандон шуъбаи милитсияи маҳал тафтишотро боз намуданд. Дар ин бора Губернатори пойтахт Эркан Топак маълумот дода гуфт, ки таркиш дар натиҷаи корҳои тадқиқотӣ дар маркази саноатии идоракунии тайёраҳои  аэронавтикӣ (TAI) ба амал омадааст.  Ҳукумат аз сокинону меҳмонони шаҳр хоҳиш ба амал овардааст, ки ором бошанду истироҳат ва ҳайёти ҳаррузаи худро идома диҳанд, чинки таркиш техникӣ буда тамоман характери терористӣ надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *