ДДТХ соҳиби хобгоҳ барои донишҷӯён шуд
Имрӯз, 17 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуд.
Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат иборат мебошад. Гуфта мешавад, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи донишҷӯён моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида буд ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Бинои хобгоҳи донишҷӯён дар асоси лоиҳа бо сохти меъмории замонавӣ бунёд карда шуда, барои 800 нафар пешбини гардидааст.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷавонон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳсил доранд ва ба истифода додани хобгоҳи донишҷӯён барои ба талаботи замон мутобиқ шудани шароит ҷиҳати истиқомату таҳсил замина фароҳам намуд.
“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати дар оянда бунёди шаҳраки замонавии тиббӣ, иншооти ёрирасон барои таълиму таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Оянда дар баробари бунёди бинои асосии таълимии Донишгоҳ тибқи нақшаи генералӣ сохтани дармонгоҳи вилоятӣ, хонаи истиқомати барои омӯзгорон ва ду хобгоҳ барои донишҷӯён дар назар аст”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ