Дари лифт боз шуд, зан ва тифли хурдсолаш наҷот ёфтанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наҷоти зане бо фарзанди хурдсолаш хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расидааст, ки бар асари якбора хомӯш шудани қувваи барқ дар лифти Дармонгоҳи №10-и пойхтахт як хонум бо тифли хурдсолаш дармондааст.

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо истифода аз техникаи махсус дари лифтро боз карда ва ин зану тифлашро беосеб наҷот додаанд.

Гуфта мешавад, ки онҳо ба ёрии тиббӣ ниёз надоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *