ДДТТ — муассисаи олии таълимӣ дар соҳаи маорифу тандурустӣ
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бузургтарину машҳуртарин муассисаи олии таълимӣ дар соҳаи маорифу тандурустии кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо дарназардошти ҷаҳонишавии таҳсилот, рушди илм ва талаботи имрўза ба раванди таҳсилот «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025» таҳия гардида, дар самтҳои афзалиятнок корбарӣ шуда истодааст.
ОМОРИ МУХТАСАР
Дар сохтори донишгоҳ хадамоти ректор, 2 раёсат, 12 шуъба, 8 бахш, 15 марказ, 5 факултет, 60 кафедра, 20 шўро ва 27 озмоишгоҳи таълимию илмӣ фаъолият мекунанд ва Пажуҳишгоҳи тиби бунёдӣ таъсис дода шудааст.
Дар донишгоҳ 5 факултет: тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва 60 кафедра фаъолият мекунанд. Аз 60 кафедра, аз ҷумла 36 кафедраи клиникӣ, 16 кафедраи тиббӣ-назариявӣ ва 8 кафедраҳои умумитаълимӣ мебошад. Кафедраҳои клиникии донишгоҳ (36 кафедра) дар пойгоҳҳои 27 массисаҳои тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.
МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ ВТҲИА ВМИ № 0000087 аз 10.06.2019 аз рўи 5 ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд.
Дар соли 2022 дар донишгоҳ теъдоди донишҷўён 12189 нафар, якҷоя бо 1208 нафар муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ теъдоди умумии таҳсилкунандагони донишгоҳ 13397 нафарро ташкил додааст.
Аз 12189 нафар донишҷў дар факултети тиббӣ 9593 нафар (78,7%), педиатрӣ 718 нафар (5,9%), стоматологӣ 1197 нафар (9,8%), фармасевтӣ 310 нафар (2,5%) ва тиббӣ-профлактикӣ 371 нафар (3%) донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар донишгоҳ 1949 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 24 давлати дунё таҳсил мекунанд, ки дар сатҳи тодипломӣ 1932 нафар донишҷўёни хориҷӣ аз 22 давлати дунё ва дар сатҳи баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ 17 нафар муҳассилини хориҷиянд.
Дар донишгоҳ таҳсил бо се забон — давлатӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда ва фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шудааст.
Дар соли 2022 ҳайати профессорону омўзгорони асосии донишгоҳ 780 нафарро (бо ҳамкорон 998 нафар) ташкил додааст, ки аз онҳо 405 (51,8%) нафарашон занҳо мебошанд.
ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО
Дар соли 2022 донишгоҳ 1874 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ тайёр намудааст, ки аз онҳо 1518 нафар хатмкардагон шаҳрвандони мамлакат ва 356 нафари дигар хатмкардагони хориҷӣ аз 9 давлати ҷаҳон мебошанд.
Аз хатмкардагон факултети тиббиро 1512 нафар, факултети тиббӣ, дараҷаи бакалаврро 337 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҳиндустон, факултети педиатриро 99 нафар, факултети фарматсевтиро 63 нафар, факултети стоматологиро 170 нафар ва факултети тиббӣ-профилактикиро 30 нафар хатм кардаанд.
Дар маҷмуъ, дар соли таҳсили 2021-2022 зинаи интернатураро 426 нафар ва ординатураи клиникиро 206 нафар хатм намудаанд, ки тибќи роҳхат ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.
ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ
Дар соли 2022 аз ҷониби олимони донишгоҳ амалисозии 5 лоиҳаи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 15 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии дар соли 2022-2026 амалишаванда, 14 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии барои солҳои 2024-2028 пешниҳодшуда, 27 мавзуҳои илмии ташаббусӣ, ки кафедраҳо аз рўи онҳо корҳои илмӣ-тадқиқотии худро ба роҳ мондаанд, сурат гирифтааст.
Дар соли 2022 дар шўроҳои диссертатсионӣ 51 рисолаи илмӣ ҳимоя шудааст, ки аз онҳо 4 рисолаи докторӣ, 44 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи доктори PhD мебошад.
Дар соли 2022 аз тарафи олимони донишгоҳ дар маҷаллаҳои эътирофшудаи КОА ФР 110 ва КОА ҶТ 204 мақола ба нашр расида, инчунин, 21 адад монография, 63 адад пешниҳоди навоварӣ ва 21 адад ихтироот, ки 1 адади он Евроосиёгӣ аст, ба даст оварда шудааст.
Дар соли 2022-юм 1 нафар олими ҷавон ба Ҷоизаи давлатии ба номи И. Сомонӣ ва 2 нафар олимони донишгоҳ ба ҷоизаи АМИТ ба номи академик Е. Н. Павловский сазовор дониста шудаанд.
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст.
Имрўз донишгоҳ бо кишварҳои хориҷа, аз қабили Федератсияи Русия, Белорусия, Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Малдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия, Шоҳигарии Австрия, Олмон, Швейтсария, Канада, Британияи Кабир, Литва, Эстония, Франсия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Корея ҳамкориҳои зич дорад.
Дар соли 2022-юм 2 созишномаи дуҷониба тамдид ва 12 созишномаи дуҷониба ба имзо расонида шудааст.
ПОЙГОҲИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ
Дар соли 2022 баҳри беҳтар кардани шароити таҳсилот як ќатор корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ ва созандагию ободонӣ анҷом дода шудаанд.
Бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми апрели соли 2017 барои бунёди бинои маъмурӣ ва таълимии 10-ошёна дар ҳудуди Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахши донишгоҳ санги асос гузошта шуда, сохтмони бинои мазкур анҷом ёфт ва 1-уми сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рўзи дониш” ва “Дарси сулҳ” бо бардоштани парда аз рўйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд.
Дар маҷмуъ, дар соли 2022-юм дар донишгоҳ ҷойи нишаст 2762 адад зиёд карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи кафедраҳо ва сохторҳои донишгоҳ бо компютер, тахтаҳои электронӣ, асбоби мултимедӣ, экранҳои интерактивӣ ва шабакаи интернетӣ таъмин буда, коргузории байни кафедра ва сохторҳо ба таври электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Бино ба иттилои ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ба роҳбарият ва омўзгорону кормандони донишгоҳ муяссар гардидааст, ки вазифаҳои дар соли 2022 гузошташударо иҷро намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
— Роҳбарияти донишгоҳ натиҷаи фаъолиятро дар соли 2022 ҳамаҷониба таҳлил намуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот наќшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст,- мегӯяд ректор.
ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ш. Душанбе, кўчаи Сино 29-31
ТАМОС: +992 44 600 39 77; 235 34 96
E-mail: [email protected]
Web: www.tajmedun.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ