Мубориз Усмонов

Нашри “Фиреби нокас”-и Мубориз Усмонов

Мубориз Усмонов — овозхон ва ровии шинохтаи тоҷик суруди навашро бо номи “Фиреби нокас” дар шакли намоҳанг нашр намуд.

“Фиреби нокас”-и Мубориз Усмонов дар ютубканали шахсиаш нашр шуда, дар се шабонарӯз зиёда аз 200 ҳазор маротиба тамошо карда шуд.

Сужаи намоҳанги мазкур аз хиёнати зан қисса мекунад. Яъне, як оилаи ҷавон зиндагии оромонае доранд, вале рӯзе паёми видеоие ба телефони шавҳар меояд, ки ҳамсараш бо ҷавони дигар ротиба дорад.

Суруди мазкур дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

Аз дастам рафт ҳама ҳосилам,

Ташнатарин санги соҳилам.

Нури фардо на дар манзилам,

Шикаста оинаи дилам.

Ёдовар мешавем, ки “Фиреби нокас” аз ҷумлаи сурудҳои навест, ки Мубориз Усмонов чанде пеш ба ҳаводоронаш ваъдаи нашрашро дода буд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *