ДДТТ соҳиби неругоҳ шуд
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соҳиби неругоҳи барқии офтобӣ шуд.
Дар ин бора ректори ин муассисаи олӣ Хайрулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
“Тоҷикистон иқлими офтобӣ аст. Ин ҷиҳатро ба назар гирифта, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқии офтобӣ ба истифода дода шуд. Иқтидорашон 19 кВт аст”,-иттилоъ дод ректор.
Ба гуфтаи Хайрулло Назарзода, неругоҳҳои мазкур дар ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бунёд гардидааст.
“Айни замон қисми зиёди бинои донишгоҳ бо барқи ин ду неругоҳ таъмин аст. Ҳатто аз ин ҳисоб як қисми кӯчаҳои ҳамшафати донишгоҳро бо рӯшноӣ таъмин мекунем. Дар нақша дорем, ки биноҳои дигари таълимиро низ бо барқи офтобӣ фаро гирем”,-гуфт ректор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ