Назарзода Хайрулло

Хайрулло Назарзода: Бонкро дар донишгоҳ дубора фаъол менамоем

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода мегӯяд, ки дар масъалаи ҷамбъоварии маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯён мушкил надоранд.

«Аслан, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон донишҷӯён тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Бо назардошти вазъи зиндагии донишҷӯён мо ба онҳо имкон медиҳем, ки маблағи таҳсилро зина ба зина пардохт намоянд. Ҳатто онҳое, ки имкони молиявӣ надоранд, бо ширкату корхонаҳо ва корфармоён ҳамкорӣ намуда, ба кор таъмин менамоем. Ин ҳам дастгирии донишҷӯён мешавад ва ҳам мусоидат ба беҳтар шудани вазъи молиявии донишгоҳ»,- изҳор дошт ректори донишгоҳи номбурда Хайрулло Назарзода.

Ректор изҳор дошт, ки ба хотири бештар фаро гирифтани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бонки таълимиро дар назди донишгоҳ дубора фаъол кунанд.

“Аллакай тамоми таҷҳизоту компютерҳои замонавиро дар бонки таълимии назди донишгоҳ насб кардаем. Дар ин ҷо донишҷӯён дониши назариявии худро ба амалия табдил медиҳанд. Чанд идеяҳои дигар мондааст, ки дар ҷараёни амалишавӣ аст”,-гуфт ректор.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар назди Агентии Тоҷикстандарт кафедраи таълимиро ба роҳ мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *