Омӯзгорони ДДТТ дигар маблағ намесупоранд (аудио)

Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба омӯзгороне, ки дар хобгоҳ иқомат доранд, сабукӣ додааст.

“Раёсати ДДТТ қарор кард, ки ҳамаи омӯзгорон ва кормандоне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ иқомат доранд, аз пардохти маблағи истиқомат барои соли 2022 пурра озод карда шаванд. Фармоиши Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори ДДТТ дар ин бора аллакай имзо шуда, аз 11 январ мавриди амал қарор мегирад”- иттилоъ доданд аз раёсати донишгоҳи мазкур.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар хобгоҳи донишгоҳ  беш аз 60 оилаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ истиқомат доранд. Маблағи моҳонаи иҷора, ки соли равон лағв гардид, 360 сомониро ташкил медиҳад.

Айни замон муассиси Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон «Тоҷикматлубот» мебошад. Ин муассисаи олӣ беш аз 30 сол инҷониб фаъолият дошта, дорои литсей ва филиали худ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *