ДДТТ соҳиби таҷҳизоти нав шуд
Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҷҳизоти муосири соҳавӣ дастрас гардид.
Мизи «Пирогов», ки дар бисёр донишгоҳҳои тиббии Русияву Осиёи Миёна барои омӯзиши сохти бадани одам васеъ истифода бурда мешавад, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ворид гардид. Ин миз барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лексонии гурӯҳӣ мувофиқ буда, дар он маводи аёнӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён пурра дастрас мебошад. Дар он модели пурраи бадани одам, системаи узвҳо, инчунин, узвҳо ва сохторҳои алоҳидаи бадани одам дар шакли «3D» ҷой карда шудааст.
Омӯзгорон ва донишҷӯён акнун метавонанд ба усулҳои муосири омӯзиши анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ, гистология, патология ва ҷарроҳия дастрасӣ пайдо намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ