10 паҳлавони тоҷик дар TokyoGrandSlam-2023 ширкат мекунанд

Рўзҳои 2 ва 3-юми декабр мусобиқаи навбатии “World Judo Tour” Tokyo Grand Slam-2023 баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар ширкат мекунад.

Дар ин мусобиқа иштироки наздики 500 ҷудокор аз 84 кишвар дар назар аст. Аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз 10 ҷудокор миёни мардҳо намояндагї мекунанд.

Дар мусобиқаи Токио ҷудокорони тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Меҳрзод Сўфиев (-60 кг), Эмомалии Нуралї (-66 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрўз Хоҷазода (-73 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг) иштирок хоҳанд кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи Tokyo Grand Slam 154 ҳазор евро аст. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷї 1500 евро ҷоизапулї дарёфт мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *