Дэнни Трехо дар драмаи нави ҷиноятӣ нақш мебозад

Ҳунарпешаи амрикоӣ Дэнни Трехо, ки бо нақшҳои қаҳрамонҳои манфӣ маъруф аст, дар драмаи ҷиноятии “Имрӯз танҳо” (Alone today) нақш хоҳад бозид.

Тавре daily.afisha.ru бо истинод ба маълумоти Deadline иттилоъ медиҳад, якҷоя бо Трехо дар филм Шеннон Элизабет ва Фрэнк Уэйли нақш мебозанд.

Филм дар асоси рӯйдодҳои воқеӣ дар бораи зане (Элизабет) нақл мекунад, ки бо детективи фурӯхташуда (Уейли) муносибат дорад. Қаҳрамон тасмим мегирад, ки аз чанголи ин золим раҳо шавад ва ба тиҷорати ғайриқонунии ӯ халал расонад, аммо ҳама чиз аз назорат берун мешавад ва зан тасмим мегирад, ки роҳи дигарро пеша кунад.

Ба гуфтаи коргардони филм ва афсари собиқи пулис Венди Уиликс, ӯ мехоҳад филме бисозад, ки намунаи ҳақиқии зани пулисро намоён созад.

Наворбардории филм ин зимистон дар Лос-Андҷелос оғоз меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *