Одилро аз Полша ронданд

Шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Одилхон С., ки моҳи апрел тавассути Беларус вориди Полша шуда буд, аз ҷониби Агентии амнияти дохилии Полша (ABW) аз ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ба далели пуштибониаш аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ)  ихроҷ карда шуд.

Станислав Жарин, сухангӯи вазири ҳамоҳангсози фаъолияти ниҳодҳои амниятии Полша (Лаҳистон) рӯзи 20 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфт, мақомоти амниятӣ паноҳҷӯи тоҷикро ҳамчун тундрави мазҳабӣ муқаррар карданд ва ба хулосае омаданд, ки ҳузури ӯ дар кишвар ба амнияти Полша таҳдид мекунад. Радиои Полша гуфт, Одилхон С. ба ҳамин далел ихроҷ карда шуд. Аммо ба кадом кишвар хориҷ шудани ӯ маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *