Депортатсия шудани 17зани хатлонӣ аз Россия
Муддати як соли ахир 17 зани гирифтори бемории сил, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, барои идомаи зиндагӣ ба вилояти Хатлон баргаштанд. Бархе аз онҳо дар бораи вуҷуди беморӣ дар баданашон хабар надоштанд, вале ҳама бо як овоз мегӯянд, ки агар зиндагӣ маҷбур намекард, ҳеҷ гоҳ дунболи кору маблағ ба кишвари дур намерафтанд.
Русия хориҷиҳои беморро ҳанӯз ихроҷ мекунад. Ҳарчанд қонуни ихроҷи хориҷиҳо бо далели гирифторӣ ба бемории сангинро созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳамчун як муқаррароти табъизомез маҳкум кардаанд, мақомоти Русия ин қонунро бекор намекунанд ва дар сурати ошкор шудани нишонаҳои беморӣ, аз ҷумла сил ва СПИД, ҳатман хориҷиҳоро ба ватанаш истирдод мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ