Деваштич: 7 мард як нафарро белу каландборон карданд
Бегоҳии 18- июн 7 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Қаълачаи Арбоби ноҳияи Деваштич Абдуваҳҳоб Қодиров ном сокини деҳаи Басмандаи ҳамин ноҳияро бо белу каланд ва дигар олоти меҳнат ба сару рӯй ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими ҷабрдида зада, ба ӯ зарари вазнини ҷисмонӣ расониданд. Айни ҳол ҷабрдида дар шӯъбаи эҳёи Беморхонаи марказии ноҳия буда, ба гуфти духтурон ҳамагӣ 20-25% умеди зиндамондани Қодиров вуҷуд дорад. Зеро гурӯҳи 7-нафара бо бел ва каланд ба қисмати асосии сар ва косаи сар маротибаҳои зиёд зада сарро наздики дукафон кардаанд.
Ҳамаи гумонбарон аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи дастгир шуда, мавриди пурсуҷӯ қарор дорад.
Аксҳо бозгукунандаи ҳолати ҷабрдида аст.
пешонӣ пушти сар ҳолати ҷарроҳӣ
Идомаро дар шумораи баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ