Мудири меҳмонхона худро дор кашид

Хабаргузории «Москва” аз қавли манобеаш дар мақомоти интизомӣ хабар дод, ки ҷасади мудири меҳмонхона (Гостевой дом)-и ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро аз чердаки ин бино пайдо кардаанд. Наздикони Баҳром Муҳиддинов мегӯянд, ки ӯ худро ба дор кашидааст.

Хабаргузории «Москва” рӯзи 19 хабар дод, ки ахиран ҷасади мудири меҳмонхона (Гостевой дом)-и ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро аз чердаки ин бинои 8-қабата пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи манбаи хабаргузории «Москва” дар мақомоти интизомӣ, ба пулиси пойтахти Русия дар бораи ёфт шудани ҷасади мудири ин Гостевой дом, ки бо номи «меҳмонхонаи Тоҷикистон” ҳам маъруф аст, муовини вай хабар додааст.

Манбаи «Москва” гуфтааст: «Ин мард хабар дод, ки дар қабати ҳаштуми ин бино дар чердак ҷасади мудири 40-солаи ин меҳмонхонаро пайдо кардааст.” Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷасадро барои ташхиси иллати марг ба мурдахона (морг) фиристодаанд.

Дар хабари «Москва” исми мудири меҳмонхона ва сабабҳои марги ӯ гуфта нашудааст, вале қаблан наздикони Диловар Муҳиддинов, соҳибкори тоҷики муқими Русия ба сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки додари ӯ Баҳром Муҳиддинов худро ба дор кашидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *