Деваштич: Ҷавони 18-сола худкушӣ кард ё бемор буд?

Як моҳ пеш ҷавони 18-сола, сокини деҳаи Ҳазорчашма (пештара Утақурғон)- и ноҳияи Деваштич, ки дар синфи 11 мехонд пас аз ду соати аз мактаб ба хона омадан яку якбора фавтид.  Тӯли як моҳ аст, ки ин ҳодиса боиси сару содиҳои зиёд гаштааст.

Яке ҳодисаро ба ҷанҷоли хонаводагӣ рабт  дода мегӯяд,  додару  ако ҷанг карда аз рӯи қаҳр қасди ҷони худ кардааст. Дуюмӣ бар он назар буд, ки ҷавонро модарандараш азоб дода аз ҷон сер кардааст,  сеюмӣ  марги ҷавон  “фалокат”   арзёбӣ мекарду чорумӣ ҳадс мезад, ки  ҷавони то ин дам аз саломатияш шикоят надошта бесабаб намефавтад, ин ҳодиса “зери коса нимкоса” дорад.

Хулас ба ҳодисаву асрори марги ҷавони ба қавле “аз сад гул як гулаш нашукуфта”  тахмину гумонҳо гуногунанд.  Аз  ин рӯ барои асли ҳодисаро аз забони шоҳидони ҳол ва наздикони марҳум шунидан роҳ пеш гирифтем сӯи хонаи ҷавони марҳум-Адизабон Нормуродов…

Идомаи мавзӯъро дар шумораи баъдии ҳафтаномаи  “ОИЛА” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                               Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *