Сабаби 4 сомонӣ шудани картошка дар чист?

Нархи як килогарм картошка — яке аз маҳсулоти аслии истеъмолӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе то ба 4 сомонӣ расидааст. То се рӯзи пеш як килогарм картошка аз 2,5 то 2,7 сомонӣ нарх дошт ва ҳоло бештар аз як сомонӣ нархи картошка боло рафтааст.

Тоҷирон барфбориҳои зиёд ва баста шудани ағбаи Соланг дар Афғонистонро, ки тариқи он аз Покистон картошка ворид мешуд, сабаби аслии боло рафтани нархи картошка дар Тоҷикистон медонанд. Аз тарафи дигар, дар пайи як инфиҷори маргбор дар Покистон, он кишвар марзҳои худро ба Афғонистон бастааст ва ҳоло интиқоли молу коло ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *