Деҳаи Достуки ноҳияи Бодканд пурра ба Тоҷикистон гузашт
Деҳаи Достуки ноҳияи Бодканд комилан ба Тоҷикистон гузашт.
Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи парлумони ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, 91 гектар замини ин деҳа ба Тоҷикистон дода шудааст. Ба иваз ҳамин гуна қитъаи замин гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки барои сокинони деҳаи Достук пурра хонаҳои нав сохта мешавад.

Ҳамчунин, зимни ҷаласа гуфта шуд, ки қитъаи роҳи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон мақоми бетарафиро гирифт. Ин роҳ 10 метр паҳноӣ дорад ва ҳарду тарафи он бо хати амниятии 15-метра иҳота мешавад. Яъне, роҳ бо паҳноии 40 метр ҳоло бетараф аст ва онро ҳарду ҷониб истифода хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ин масире буд ва дар он ҷо аксар вақт байни шаҳрвандони ду кишвар муноқишаҳои ҷиддӣ рух медод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ