Даргузашти Азим Байзоев, устоди ДМТ

Азим Байзоев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ ҳамчун дотсент дар кафедраи филологияи эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ин муассисаи олӣ фаъолият дошт.

Азим Байзоев, филолог-шарқшинос, ҳуқуқшинос, забоншинос ва мутарҷим буд.

Соли 1982 факултети забонҳои Шарқи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 2005 Донишкадаи ҳуқуқ ва андози Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Солҳои 1982-1984 – ассистенти кафедраи филолгияи Эрон. Солҳои 1984-86 – хидмат дар Артиши Шуравӣ дар Афғонистон. С.-ҳои1986-89 – ассистенти кафедраи филологияи Эрон, 1989-1992 – ассистенти ҳамин кафедра. Солҳои 2012-2016 – ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф (ҳамкор), аз с. 2016 то имрӯз – сармутахассиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (ҳамкор).

Соли 1981 – таҷрибаомӯзи Донишгоҳи Кобул, Афғонистон, с. 1997 – шунавандаи курсҳои дипломатӣ дар Академияи хизмати хориҷии Исломобод, Покистон, с. 2006 – муҳаққиқи Донишгоҳи Канзас, ИМА, с. 2015 – иштирокчии барномаи байналмилалӣ оид ба таҳсилоти фарогир, Йокогама, Япония. С. 2009-2013 дар Донишгоҳи давлатии Аризона (ИМА) аз забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ дарс додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *