Диққат: Амалиёти «Муоинаи техникӣ»

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи техникии давлатӣ ва назорати пардохти маблағи андоз аз соҳибони онҳо, Раёсати Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РБДА ВКД ҶТ)    аз 20 то 30 ноябри соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ   амалиёти  «Муоинаи техникӣ»-ро ба роҳ мемонад.

Бинобар ин Раёсати Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш  менамояд, ки дар гузаронидани амалиёти мазкур саҳми арзандаи худро гузоранд.  Телефонҳо барои тамос: 235-45-45, 236-09-08

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *