Мулоқоти президенти Чехия бо Михаил Горбачёв

Президенти ҷумҳурии Чех Милош Земан барои музокирот бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба Сочӣ рафт. Сафари чаҳоррӯзаи раҳбари русгарои ҷумҳурии Чех боздид аз Маскав ва мулоқот бо нахуствазири Медеведев, рӯзи 22 ноябр ва суханронӣ дар форуми иқтисодии Русия ва Чехияро дар бар мегирад. Дар ин форум ҳудудан 130 раҳбарони ширкатҳои чехӣ иштирок мекунанд. Рӯзи 22 ноябр ӯ ҳамчунин бо президенти пешини СССР Михаил Горбачев мулоқот мекунад.

Мақоми Милош Земан дар зинаҳои қудрати ҷумҳурии Чех асосан як мақоми ташрифотӣ аст. Аммо чандин изҳороти ӯ ба пуштибонӣ аз Русия ва Путин, соли гузашта, боиси нигаронии ҳукумати Чехия ва шарикони ғарбиаш шуд.

Земан бо шубаҳа ба таъсирбахшии таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, дар посух ба ишғоли Қрим, Украинаро шадидан нороҳат кард. Земан ишғоли Қримро аз ҷониби Маскав як «амали тамомшуда» номид ва гуфт, ки Русия метавонад хисороти Украинаро бо газу нафт ё пул ҷуброн кунад.

Ӯ ҳамчунин борҳо аз ҳукумати Чехия даъват кард, ки масъалаи узвияти кишвар дар Иттиҳоди Аврпуо ва НАТО-ро ба назарсанҷии умумӣ гузорад, ҳарчанд мегуфт, ки аз будани Чехия дар ин ду созмон тарафдорӣ мекунад, аммо мехоҳад «ба мардум ҳақи интихоб бидиҳад».

Милош Земан соли 2016 Ийолоти Муттаҳидаро ба иштироки «ғайриқонунӣ» дар ҷанги шаҳрвандии Сурия муттаҳам кард ва аз «маъракаи зиддитеррористӣ»и Русия дар он кишвар ситоиш намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *