Диққат! “Хабарнигори мардумӣ” озмун эълон кард!
Сомонаи “Тоҷикистон таймс” барои видеои беҳтарин озмун эълон кард. Минбаъд Шумо тариқи телефонҳои мобилии худ метавонед лаҳзаҳои завқовар, ибратбахш ва ҷолибу тамошобоби худро ба ин сомона фиристода, дар озмуни эълоннамудаи он ғолиб оед ва соҳиби мукофот-100 сомонӣ шавед. Барои ин бояд видеои худро, ки ба воситаи телефони мобилиатон сабт намудаед, тавасути (вайбер, вотсап, иммо, телеграмм) бо рақамҳои 93 771 48 56 ё почтаи электронии [email protected] барои сомонаи tajikistantimes фиристед.Ҳакамони озмун пас аз нашри он дар сомона дар давоми як моҳ (оғози моҳи дигар) натиҷаи онро эълон ва ғолибро муайян мекунанд. Ғолиби аввалин оғози моҳи феврали соли равон муайян карда мешавад. Шарти асосии озмун-ҷолибияти видео ва соҳиби коментарияҳо (вокунишҳои) аз ҳама бештар гардидани он аст.Видеои шуморо миллионҳо нафар тариқи сомонаи tajikistantimes.tj тамошо хоҳанд кард. Шитобед ва сабтҳои худро ба суроғаи боло равон кунед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ