Ҷоми раиси шаҳри Душанбе барои бонувони волейболбоз

Рӯзи шанбеи 6 январ дар толори маъруф бо номи «Манеж»-и пойтахт  мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе байни дастаҳои бонувони волейболбоз кушода эълон гардид.

 Тавре муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи расмии чорабинии мазкур иброз намуд,  барои иштирок дар мусобиқа 25 дастаи бонувони волейболбози вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт дархост доданд. Мубориза байни волейболбозон дар чор марҳила доир шуда, ғолибон дар арафаи Рӯзи модар — 8 март муайян ва бо ҷоизаву мукофотҳо ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.

Дар аз маросими кушодашавии мусобиқа, ки дар он инчунин сардори Раёсати варзиши Кумити кор бо ҷавонон ва варзиш Носир Бозоров, сардори Раёсати  кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт Иброҳим Мирзозода ҳузур доштанд. Сардовари мусобиқа  Шодӣ Назарамонов ба хабарнигор иттилоъ дод, ки вохӯрии аввалини мусобиқа миёни дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе ва дастаи «Насли солим»-и Раёсати тандурустии шаҳр баргузор гардид. Ин дидори шавқангез бо пирӯзии бонувони МИҲД-и шаҳри Душанбе бо хисоби умумии 2:1 ба анҷом расид.

Вохӯриҳои дигари рӯзҳои нахустини мусобиқа чунин натиҷа доданд:

— Кумитаи кор бо занон – ВКД- 1:2, ТВ «Ҷаҳоннамо» — Санэпидемстансия – 2:0 (бохти фаннӣ), Агентии омор – Вазорати меҳнат  — 2:0, МИҲД Шоҳмансур  — ҲХДТ-и Душанбе -0:2, РТСУ – Дастгоҳи иҷроияи Президент – 2:0 (ҳисоби 2:0 аз он далел медиҳад, ки дастаҳои бойдода ба мусобиқа ҳозир нашуданд).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *