Диққат! Озмун! «Иҷлосияи сарнавиштсоз»
Ширкат кун ва соҳиби 6 000 + 6 000 сомонӣ шав
Соли равон аз баргузори Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои олии ҶТ, дар шаҳри Хуҷанд, 25 сол сипарӣ мешавад. Ин иҷлосия заминаи сулҳу суббот ва оромиву осоиштагӣ дар кишвар гардид, зеро маҳз дар ин сана Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва кишвари парешонро ба ҳам оварда, якпорчагии Тоҷикистонро нигоҳ дошт.
Гарчанде аз он рӯзҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз 25 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз асарҳое, ки аҳамияти иҷлосияро инъикос кунанд ба вуҷуд наомадааст. Ҳанӯз ҳарфҳои ногуфта ва лаҳзаҳои норӯшан аз иҷлосия зиёд аст, ки арзиши баланди таърихӣ ва тарбиявӣ доранд.
Бинобар ин гуруҳи эҷодии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тасмим гирифтанд, ки дар арафаи ин санаи муҳими таърихӣ озмуни шеър ва мақолаҳро бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва рӯзи Президент эълон намоянд. Дар озмун эҷодкорону олимон, шоирону носирон ва ҳамаи онҳое, ки вобаста ба ин сана, хотираву ёддошт доранд метавонанд ширкат варзанд.
Барои беҳтарин мақола:
ҷойи аввал 3000 сомонӣ;
ҷойи дуввум 2000 сомонӣ;
ҷойи севум 1000 сомонӣ.
Барои беҳтарин шеър:
ҷойи аввал 3000 сомонӣ;
ҷойи дуввум 2000 сомонӣ;
ҷойи севум 1000 сомонӣ.
— мукофотпулӣ муайян шудааст. Жанри пешниҳоди мавод муҳим нест, Шумо метавонед дар қолаби мусоҳиба, мақола, очерк, ғазал, достон, шеъри сафед навиштаҳои худро ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ирсол намоед.
Шумо метавонед маводҳои худро бо ишораи «Ба озмуни «Иҷлосияи сарнавиштсоз» ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, ошёнаи 11 ирсол намоед ва ё ба почтаи [email protected] ирсол намоед. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 2385451
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ