Диққат! Соҳиби маблағро меҷуем.

Диққат! Диққат! Диққат! Тахминан дар санаҳои аз 8- ум то 12 -ми ноябр дар атрофи Деҳқонбозор, аз ҷониби 3 нафар ҷавонписарони дониҷӯ маблағи калони пулӣ дар пакети полиетленӣ  дарёфт шудааст.  Имрӯз ин дониҷӯён: Бахтиёри Фаттоҳ, Каримов Беҳрӯз ва Одиназода Исмоил ба идораи tajikistantimes.com муроҷиат карданд то барои дарёфти соҳиби аслии маблағ кумак расонанд.  Аз нафаре, ки ин маблағро гум кардааст хоҳиш карда мешавад, ки бо рақамҳои 904-26-10-01, 559-05-14-17, 908-89-90-08  занг зананд. Соҳиби аслии пул албатта бо гуфтани ҷузъиёти бештар метавонад маблағи ҳалоли хешро баргарадонад. Аз фиребгарону қаллобон хошҳиш карда мешавад беҳуда занг назананд! 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *