Кимоно барои яккамуҳорибаҳо (Видео)

 Агар театр аз либосовезак сар мешуда бошад, пас бе муболиға яккамуҳорибаҳои варзишӣ аз кимоно оғоз меёбанд. Ғолибияти ҳар як варзишгар дар мусобиқаҳо  аз бисёр ҷиҳат  аз сифати матоъ ва дӯхти  шинами кимоно вобастагӣ дорад.

 

Ҳар як намуди яккамуҳорибаҳо, аз ҷумла каратэ,таэквондо, дзюдо, самбо, ҷиу ҷитсу, казахша куреса ва  муҳорибаи даст ба гиребон  кимонои махсуси худро дорост ва дар раванди тайёршуданаш  риояи қавоиди худро талаб менамояд. Кормандони ширкати истеҳсолии “Лидер”, ки  фаъолияти асосиаш   истеҳсоли кимоно  мебошад, ин қоидаҳоро хеле хуб аз худ намудаанд. Маҳсулоти ин корхона дар миқёси Осиёи Миёна,Русия  ва берун аз он чун либоси хушсифати варзишӣ  барои яккамуҳорибаҳо ном баровардааст.

Ширкати “Лидер” ба гуруҳи ширкатҳои “Амид” мансуб буда, аз соли 2001 дар ш.Хуҷанд фаъолият мебарад.Дар ин ҷо  аз интихоби навъи пахта ва бофти матоъ сар карда то ранг кардан, тарҳсозӣ ва дӯхти кимоно истеҳсолот ба роҳ монда шудааст.Дар давоми 17 соли фаъолият  корхона мунтазам  бо дастгоҳҳои нав муҷҷаҳаз мегардад. Мутахассисон пайваста дар омӯзиш қарор ёфта, тамоми нозукиҳои истеҳсоли кимоноро аз бар кардаанд.

-Алҳол дар коргоҳи мо 25 нафар  мутахассисон фаъолият мекунанд , корхона барои ҳашт намуди яккамуҳорибаҳои варзишӣ кимоно ва яктаҳ, шим ва нимшимҳо,ҳамчунин пойафзоли махсус барои самбо  истеҳсол менамояд,- шарҳ дод  роҳбари корхона Исомаддинов Саидамон Акбарович, – барои истеҳсоли матоъ мо аз пахтаи тоҷикӣ истифода мебарем, дар дастгоҳҳои махсус дар мувофиқа бо ғафсии додашуда он бофта мешавад,сипас   матоъ обу тоб меёбад, ва баъд ба сехи дӯзандагӣ супорида мешавад.

Ҳамин даври пурраи истеҳсолот имконият медиҳад, ки ширкатҳои бонуфузи варзишӣ ба ширкати “Лидер” фармоиши махсус месупоранд.Ин ширкати   дар ҷаҳон ягона корхонаест, ки махсус барои варзиши миллии қазоқӣ казахша куреса  кимонои беҳамто истеҳсол менамояд ва барои истифода аз тамғаи тиҷоратии маъмули “Амид” патент гирифтааст.

Ширкати бофандагӣ-дӯзандагии “Лидер” ба боварии  бузургтарин ширкатҳои савдои яклухтфуруши ҷаҳон бо сифати аълои маҳсулоташ сазовор ва соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналмиллалӣ гардидааст ва онҳо бо сари баланд  маҳсулоти тоҷикро дар кишварҳои Русия , ИДМ ва хориҷи дур муаррифӣ менамоянд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *