ДИ боз зиёда аз 65 нафарро қатл кард

Гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ба камияш 65 нафарро дар наздикиҳои Мавсили Ироқ ба қатл расонд. Ба навиштаи хабаргузории Рейтерс, аксари кушташудаҳо кормандони пулис ва низомиҳо буданд.

Ҳушёр Зебарӣ, сиёсатмадори курд, ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, баъди оғози амалиёти нерӯҳои Ироқ мусаллаҳони гурӯҳи «Давлати исломӣ» бошандагони атрофи Мавсилро ба гарав гирифтанд. Ҳафтаи гузашта матбуот аз қатли 300 нафар дар Мавсил хабар доданд. Баъзе қурбониҳои ин гурӯҳи тундрав ноболиғ буданд.

Амалиёти бозпасгирии Мавсил расман 17 октябр оғоз шуд. Дар ин амалиёт низомиёни Ироқ, шибҳазиномиёни шиа ва курдҳои Ироқ иштирок доранд. Ин гурӯҳҳоро эътилофи таҳти назари Амрико аз ҳаво кумак мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *