Пурсиши Агентӣ сатҳи коррупсияро ошкор намуд

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020» дар давраи моҳҳои май-июни соли ҷорӣ вобаста ба муайян намудани сатҳи коррупсия дар миқёси мамлакат пурсиши сотсиологӣ гузаронид.

Дар ин бора Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласаи Ҳукумати мамлакат, ки дирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дод. Рустами Эмомалӣ аз ҷумла, зикр намуд, ки дар ҷараёни пурсиш таҷрибаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, он дар ҳамкорӣ бо  вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сарфи назар аз миллат, ҷинс, ҳизбият ва мансубияти динию нажодӣ амалӣ гардид.

Аз ҷумла, пурсиш дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, омӯзгорӣ, технологӣ, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва Нурободу Рашт гузаронида шуд.

Зимни баргузории таҳқиқоти мазкур на танҳо муносибати аҳолӣ ба коррупсия, балки мавқеи онҳо бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор дода шуд.

Раванди пурсиш дар миқёси мамлакат бо усули миқдорӣ аз рӯи саволномае, ки дар он арзёбии сатҳи коррупсия муайян шудааст, баргузор гардид.

Дар пурсиши сотсиологӣ зиёда аз 88 ҳазор нафар сокинони кишвар ширкат варзида, фикру ақида ва мавқеи худро вобаста ба сатҳи коррупсия дар шохаҳои ҳокимият,  сабабу омилҳои ба пайдоиши амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва роҳҳои паст кардани шиддати он баён намуданд.

Бояд гуфт, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ дар давраи солҳои 2006-2015- 4 маротиба пурсиши сотсиологӣ гузаронидааст, ки дар онҳо ба ҳисоби миёна аз 1200 то 3000 нафар шаҳрвандон иштирок кардаанд.

Бо назардошти ба пурсишҳои қаблӣ кам ҷалб гардидани шаҳрвандон ва бо мақсади шаффофу воқеъбинона муайян кардани сатҳи коррупсия, Агентӣ дар ин пурсиш шумораи зиёди сокинони минтақаҳои гуногуни кишварро ҷалб намуд.

Натиҷаи пурсиш муайян намуд, ки аз шумораи умумии иштирокчиён зиёда аз 34 ҳазор нафар ё 39 фоиз сатҳи коррупсияро дар мақомоти идоракунии давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ баланд арзёбӣ намудаанд, ки ба соҳаҳои заминсозӣ 39 фоиз, тандурустӣ35 фоиз, маориф 25 фоиз, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 36 фоиз ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 34 фоиз рост меояд.

Дар баробари ин, аксари иштирокчиён сатҳи коррупсияро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ баён намуданд.  Аз ҷумла,  ба   ақидаи  43 200 нафар ё 49 фоиз мақомоти прокуратура, зиёда аз 43 ҳазор нафар ё 49 фоиз гумрук, қариб 43 ҳазор нафар ё 48 фоизандоз, 40 ҳазору 700 нафар ё 46 фоиз амният, қариб 32 ҳазор нафар ё 36 фоиз мақомоти судӣ, 39 ҳазор нафар ё 44 фоиз мақомоти  корҳои дохилӣ, беш аз 42  ҳазор нафар ё 48 фоиз Бозрасии давлатии автомобилӣ ва 27 ҳазору 700 нафар ё 31 фоиз комиссариатҳои ҳарбӣ фасодзада мебошанд.

Тавре аз нишондиҳандаҳо бармеояд, сохтору мақомоте, ки худашон бевосита субъекти бар зидди коррупсия муборизабаранда мебошанд, дар пурсиш бештар фасодзада арзёбӣ гардидаанд.

Махсус бояд зикр кард, ки дар пурсиши сотсиологии соли 2015, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва қариб 3 ҳазор нафарро фаро гирифта буд, бештар аз 45 фоизи шаҳрвандон маҳз ҳамин сохтору мақомотро нисбатан фасодзада баён карда буданд, ки ин боиси таассуфу нигаронӣ буда, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз шумораи умумии иштирокчиён беш аз 19 ҳазор нафар ё 22 фоиз сатҳи коррупсияро дар кишварпаст, қариб 34 ҳазор нафар ё 38 фоиз миёна, зиёда аз 23 ҳазор нафар ё 26 фоиз баланд ҳисобида, боқимонда 12 ҳазор нафар ё 14 фоиз мавқеи худро муайян накардаанд.

Қариб 25 ҳазору 500 нафар ё 29 фоиз сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳишёбанда, 25 ҳазор нафар ё 28 фоиз афзоишёбанда арзёбӣ карда, 22 ҳазору 700 нафар ё 26 фоиз чунин ақида доранд, ки сатҳи коррупсия тағйир наёфта истодааст.

Дар ҷараёни гузаронидани пурсиши сотсиологӣ иштирокчиён дар баробари арзёбии сатҳи коррупсия, барои беҳтар намудани мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Чунончи, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали маоши миёна дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, пурзӯр намудани ҷазо нисбат ба шахсоне, ки ба ришваситонӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ даст мезананд, аз ҷумлаи пешниҳодҳои баёншуда мебошанд.

Ба ақидаи аксари иштирокчиён тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди муҳокимаи васеъ қарор додани амалҳои содиршудаи коррупсионӣ ва ба хизмати давлатӣ таъйин намудани шахсони поквиҷдон, лаёқатманду босавод роҳҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия маҳсуб мешаванд.

Ҳамзамон бо ин, қисмати дигари иштирокчиён ташаккули маърифати инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангиву миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба халқу Ватан ва содда гардонидани  намудҳои хизматрасонӣ ба аҳолиро аз ҷумлаи омилҳои коҳишдиҳандаи сатҳи коррупсия  арзёбӣ намудаанд.

«Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ доир ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ошкору бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва сабабу шароити ба он мусоидаткунанда ва бо ҳамин роҳ паст кардани сатҳи коррупсия дар ҷомеа аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, натиҷаи таҳқиқоти сотсиологии гузаронидашударо дар фаъолияти минбаъдаи худ ҳамаҷониба истифода мебарад»,-изҳор дошт Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.

«Ҳамчунин ба мақсад мувофиқ аст, ки,- зикр намуд ӯ, — натиҷаи ин таҳқиқотро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода, ба хотири баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба паст намудани сатҳи коррупсия тадбирҳои зарурӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *