глюкометр

Диабети қанд. Чаро ҳар гирифтори беморӣ бояд бо худ глюкометр дошта бошад?

Диабети қанд. Солҳои охир сафи гирифторони ин беморӣ зиёд мешавад ва илми тиб дар роҳи табобати он талош меварзад. Бино ба маълумоти оморӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 55 000 нафар мубталои бемории диабети қанд буда, дар байни онҳо кӯдакон  низ ҳастанд. Аз паёмаду роҳҳои муолиҷа то тарзи дурусти табобату интихоби асбоби санҷиши қанд дар суҳбат бо Амриддин Абдураҳмонов, мудири шуъбаи муолиҷавии Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

— Дар оғоз бигӯед, ки бемории диабети қанд чист ва чӣ нишонаҳо дорад?    

— Диабети қанд бемории эндокринӣ — мубодилавӣ аст. Сабабҳои он норасоӣ ё таъсир накардани инсулин бо нишонаҳои гипергликемияи давомнок ва вайроншавии ҳама намудҳои мубодила ва иллатҳои полиорганикӣ мебошад. Нишонаҳои он ташнагӣ, хушкшавии даҳон (беобии даҳон), пешобкунии зиёд, кам шудани вазни бадан, хориши пӯст, қамқувватӣ, хасташавӣ мебошанд. Дар як қатор ҳолатҳо вайроншавии мубодилаи моддаҳо ҳангоми диабети қанд ба ҳолати беҳушии диабетӣ, яъне кома оварда мерасонад.

— Оё рост аст, ки диабети қанд сабабгори маъюбшавӣ ва марги бемор мегардад? Пас, дар ҳолати пешгирӣ накардан, он чӣ паёмад дорад?

— Бале, асосан бемории дилу рагҳо дар байни беморони диабет зиёд аст. Дар миёни беморони ишемикии дил 10-20%, фишорбаландон 60%, гирифтори касалии қанд ҳастанд. Аз рӯи омор, эҳтимолияти гирифтори сактаи қалб шудани беморони диабети қанд 3-4 маротиба зиёдтар мебошад. Диабети қанд метавонад сабаби нобиноӣ гардад. Бемории қанд сабабгори  пайдо шудани намудҳои гуногуни касалии гурда мешавад.

— Оё диабети қанд ба синну сол вобастагӣ дорад?

— Бале. Миёни то 15-солаҳо 5% ва миёни аз 40-сола боло 80%-ро ташкил медиҳад. Паҳншавии диабет бештар миёни калонсолон ва шахсони фарбеҳ аз 4 то 30 маротиба зиёд аст.

Диабети қанд чанд намуд дорад?

— Диабети қанд 2 намуди асосӣ дорад. Якум, инсулинвобаста (диабети қанди инсулинвобаста, навъи 1) ва дуюм, инсулинновобаста (диабети қанди инсулинвобаста, навъи 2).

 Дар баробари ин, намудҳои махсуси диабети қанд вуҷуд доранд. Масалан, диабети ҳомиладорон, ки нишонаҳои клиникӣ ё ташхисӣ, ё ин ки ВТГ (вайроншавии тобоварӣ ба глюкоза) дар занҳои ҳомила дарёфт мешаванд.

— Сабабҳои пайдоиши диабети қанд кадомҳоянд?

— Омилҳои асосии барангехтани пайдоиши диабети қанд пурхӯрӣ, истеъмоли зиёди шириниҳо, асабоният, стресс, сироятҳои вирусӣ, тағйирёбиҳои синну соли бадан, атеросклероз ва бемории фишорбаландӣ мебошанд.

— Барои пешгирӣ аз оризаҳои ин беморӣ чӣ бояд кард?

— Барои пешгирии диабети қанд ҳаёти солим доштан, бартараф намудани омилҳои дар боло зикршуда зарур аст. Ҳамчунин лозим аст, ки пайваста аз назорату ташхиси духтурон гузаред. Яке аз муҳимтарин чорабиниҳои пешгирии диабети қанд роҳ надодан ба фарбеҳӣ ва табобати фарбеҳӣ мебошад. Онҳое, ки нишонаҳои диабети қанд доранд, бояд аз таҷҳизоти глюкометр пайваста истифода намоянд, то ки ба пайдоиш ва авҷи бемории қанд роҳ надиҳанд.

Дар оилаҳое, ки хатари ирсии диабет вуҷуд дорад, бояд истеъмоли ғизоҳое, ки аз карбогидратҳо бойанд, кам карда шавад. Бояд ғизои солим, яъне табиӣ истеъмол шавад. Барои бармаҳал муайян намудани шаклҳои беморӣ бояд миқдори қанди хуни хешони наздики бемор низ санҷида шавад.

Ҳамчунин, барои пешгирии диабети қанди навъи 1 ва 2 реҷаи оқилонаи хӯрок  муҳим мебошад.

 Хӯрокро на кам аз 4 маротиба дар як рӯз истеъмол кардан лозим аст. Аз истифодаи зиёди равған ҳам бояд парҳез кард.

Истеъмоли машруботи спиртӣ манъ аст.

Дар маҷмуъ:

  • обутоби бадан;
  • мубориза бо камҳаракатӣ;
  • пешгирии сироятҳои вирусӣ;
  • ғизои солим

роҳҳои пешгирикунии инкишофи диабети қанд мебошанд.

Тавсия ба беморони диабети қанд:

  • таҳти назорати табибон будан;
  • ба хушкии даҳон, сустшавии пойҳо, заифии чашм, фаъолияти гурдаю шуш диққат додан.

Муоинаи ҳармоҳа метавонад барои ошкор намудани оризаҳои диабети қанд дар марҳилаи аввал ва пешгирии инкишофёбии онҳо мусоидат намояд. Беморони диабети қанд бояд аз рӯйи тавсияҳои табибон амал кунанд. Парҳезро дар сурати беморӣ фаромӯш накунанд.

Гуфт дарвеш: Ин ҳама ҳаққ асту лек,

Ҳар кӣ бемор аст, гӯ, парҳез нек.

Аммо худсарона парҳез кардан ҳам кори дуруст нест. Аз маслиҳати духтур бояд бархӯрдор буд. Шахси бемор бояд тарзи истифодаи инсулин ва глюкометрро донад.

Хасташавии аз ҳад зиёд, асабоният, ҳамчунин сарбории аз ҳад зиёди ҷисмонӣ метавонанд ба ҳолати саломатӣ зарар расонида, ба коҳиши қанд оварда расонанд. Нақши асосӣ барои пешгирии оризаҳои беморӣ ба худи бемор тааллуқ дорад.

Намояндаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми шиносоӣ аз фаъолияти Ширкати «Diama Medical Factory Co. LTD» дар Арабистони Саудӣ

ХУШХАБАР!

ҶДММ “Тибтаҷҳизот” бо яке аз ширкатҳои бунуфузи истеҳсоли глюкометр дар ҷаҳон – Diama Medical Factory Co.ITD  ҳамкориро ба роҳ мондааст. Ҳадаф аз ин ташаббуси ширкати “Тибтаҷҳизот” ворид намудани технологияи навтарини тиббӣ, аз ҷумла глюкометри «Perfect 61» бо тамғаи «Sukkar» барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аст. Глюкометри навъи «Perfect 61» дастгоҳи инноватсионӣ буда, глюкозаро дақиқ месанҷад ва дар идора кардани диабети қанд кумак мерасонад. Барои истифодаи дурусти глюкометр ва аз куҷо дастрас намудани он ба рақамҳои телефони 93-560-0019, 905-22-62-46, 777-11-18-17 (табиби машваратчӣ) занг занед.

 Мағозаи фирмавии ҶДММ “Тибтаҷҳизот” дар  ш. Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров, маҳаллаи 84-ум, назди тарабхонаи “Тайга” ҷойгир аст. Глюкометри навъи «Perfect 61» бо бренди “Sukkar”-и давлати Арабистони Саудӣ арзону босифат аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *