Аз таҳти дил бихандед!
Ҷонам мебарояд
Роҳзане сари роҳи мардеро гирифта, амр кард:
– Пулро барор!
Мард гуфт:
– Ин аз имкон берун аст.
Роҳзан ҳайрон шуда, пурсид:
– Чаро?
Мард ҷавоб дод:
– Чунки аз пул пештар ҷонам мебарояд!
Лабсурхкунак
Аз суҳбати ду рафиқ:
– Дирӯз занам дар куртаам изи лабсурхкунакро дида, девона шуд.
– Акнун чӣ кор мекунӣ? Занат хокатро мебезад!
Мард мегӯяд:
– Э напурс ҷӯра, шабу рӯз дод зада гаштааст, ки ба ман ҳам чунин лабсурхкунак харида медиҳӣ!
Зирак
Рўбоҳе гуфт:
– Ҳеҷ мурғе аз хурўс зирактар нест.
Гуфтанд:
– Аз чӣ донӣ?
Гуфт:
– Аз он ки ҳеҷ ба дастам намеафтад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ