“Диамед” “корманди” агентиро ба “соҳибонаш” супурд
Нафаре бо номи Раҳим Шарипов худро муовини сардори раёсати вилоятии Агентии мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз масъулони бемористони «Диамед” дар шаҳри Хуҷанд талаб кардааст, ки ба ӯ бепул хидмат расонанд, вагарна барояшон дарди сар эҷод хоҳад кард.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як корманди қалбакии ин ниҳод хабар дод.
Бино ба ин манбаъ, рӯзи 19 октябр як намояндаи ҶДММ «Диамед” дар вилояти Суғд ба Агентӣ муроҷиат карда, хабар додааст, ки шаҳрванде бо номи Шарипов Раҳим Муҳаммадович аз онҳо талаб дорад, ки ташхиси тиббиашро бепул анҷом диҳанд, вагарна барояшон проблема месозад.
Раҳим Шарипов ҳангоми муроҷиат барои ташхис дар ташхисгоҳи «Диамед” дар ҳудуди бемористони клиникии ба номи С.Қутфиддинови шаҳри Хуҷанд худро …. муовини сардори раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд муаррифӣ кардааст.
Маркази матбуоти Агентӣ менависад: «Шаҳрванд Шарипов Раҳим Муҳаммадович барои гузаштани ташхиси тиббӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ў муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад ва талаб кардааст, ки ба ў гузаштани ташхиси тиббиро ройгон амалӣ намоянд ва дар сурати инкори талабаш, ў метавонад вобаста аз мавқеи мансабиаш ба фаъолияти кории муътадили онҳо таъсири манфӣ расонад.”
Кормандони Агентии мубориза бо коррупсия Раҳим Шариповро дар бинои ташхисгоҳи «Диамед” дастгир карда, ба раёсати вилоятӣ овардаанд. Аммо «ҳангоми гузаронидани таҳқиқ Шарипов Раҳим Муҳаммадович ба корманди Агентӣ, ки шахси мансабдор мебошад барои ҳал намудани натиҷаи санҷиш ба фоидаи ў ва раҳо ёфтан аз ҷавобгарӣ, ба сифати пора 1358 сомонии бо худ доштаро пешниҳод намудааст.”
Агентии мубориза бо коррупсия мегӯяд, дар робита ин қазия нисбат ба Шарипов Раҳим Муҳаммадович бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 247, қисми 1 (қаллобӣ) ва 320, қисми 1 (додани пора ба шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Қаблан ҳам аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар бораи боздошти афроди қаллобе, ки худро корманди милиса, Агентии мубориза бо коррупсия ва Кумитаи амният муаррифӣ карда, аз сокинон ва мақомоти маҳаллӣ пулу мол тамаъ мекарданд, гузоришҳои зиёд ба даст расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ