222 “лидери” наврасон аз нав тарбия мешаванд

Масъулони Идораҳои маориф, фарҳанг ва Вазорати корҳои дохилӣ бо 222 хонандаи мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки аз онҳо ҳамчун “саркардаҳои душвортарбия” ном мебаранд, кор оғоз кардааст.

Рӯйхати ба истилоҳ пешвоҳои наврасон баъди он рӯйхат шуданд, ки дар Душанбе соли ҷорӣ чандин ҳодисаи пурхушунати ҷанҷолҳои хиёбонӣ бо иштироки ноболиғон рух дод. Дар мудҳиштарин ҳодисаи оғози сол ду ноболиғ аз дасти ҳамсолонашон кушта шуданд. Супориши кор бо пешвоҳои наврасони душвортарбияро шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ содир кардааст.Бо истилоҳи “Саркардаҳои душвортарбия” мактаббачагонеро меноманд,ки аз таҳсил сарпечӣ мекунанд, бештар ҳаёти хиёбониву озод доранд, бо нирӯву нуфузи зиёд аз болои ҳамсолони худ таъсиргузор ҳастанд. Таҳқиқ нишон додааст, ки маҳз “саркардаҳои душвортарбия” ҳамсолони худро ба занозанӣ бо дигар ҳамсолонашон ташвиқ мекунанд. Бештари онҳо хонандагони синфи 8 то 11 ҳастанд.Дар Тоҷикистон соли 2016 беш аз 5 ҳазор ҷиноят миёни ҷавонон ва ноболиғон сабт шудааст ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон моҳи феврали имсол дар ҷараёни мулоқот бо фаъолони Душанбе аз мақомоти дахлдор тақозо кард, ки ба муноқишаҳои хунини миёни ҷавонон ва ноболиғон хотима дода шавад.Як масъули ҳукумати Душанбе  гуфтааст, ки  аввали моҳи сентябри соли равон дар маҷлиси назди раиси шаҳр ин масъала матраҳ шуд ва шаҳрдор супориш дод, то барои коҳиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон корҳои ҷиддитар анҷом шавад. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрдор супориш додааст, то “зуҳуроти саркардаҳо” аз байн бурда шавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *