«Дидор»-и нав бо филмҳои кӯҳна
Ҷашнвораи 7 – уми байналмиллалии «Дидор» соли равон бо филмҳои «Тоҷикфилм» ки дар асри гузашта ба навор гирифта шуда баданд ифтитоҳ меёбад.
Дар ин бора сарпарасти ин чорабинӣ — Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Муҳаммадсаид Шоҳиён раиси ин кумита гуфт, ки ин ҷашнвора санаи 16 – 20 октябри соли равон доир гашта айни ҳол се филмнома аз Тоҷикистон ба он паешбарӣ шудааст.
Макони баргузории чорабинӣ ҳанӯз муайян нест, аммо «Кохи Наврӯз» ва бинои «Ашан» — ро мақбул донистем, гуфт манбаъ.
Синамобазми байналмиллалии «Дидор» соли 7-ум аст, ки дар Душанбе баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ