Дидори Шукурҷон Зуҳуров бо Шавкат Мирзиёев

Дар шаҳри Тошканд, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ҳайати Тоҷикистонро ба раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Ӯзбекистон, Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар рӯзи 7 октябр аз густариши равобит ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар ибрози қаноатмандӣ кардааст.

Ҷонибҳо ба таҳкими равобити байнипарлумонӣ, тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва илмию фарҳангӣ таъкид карданд.

Зимнан, ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Нуридинҷон Исмоилов, раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон аз 6 то 9 октябр аз Ӯзбекистон дидан менамояд.

Дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳонаш зимни ин сафар бо Танзила Норбоева, раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон, Нуридинҷон Исмоилов, раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси и Ӯзбекистон ва дигар шахсони расмӣ мулоқот анҷом дода, дар доираи барномаҳои фарҳангӣ аз шаҳри Самарқанд ва дигар ҷойҳои таърихии ин кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя боздид кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *