Халқи тоҷик бо ту мефахрад, бидон!

Адабиётро дӯст медорад ва дар пайравӣ ба осори бузургон шеър ҳам мегӯяд.

Сувайлои Ёдовар хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Ванҷ мебошад. Адабиётро дӯст медорад ва дар пайравӣ ба осори бузургон шеър ҳам мегӯяд. Намунаи ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидааст.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Пешвои миллати мо, зинда бош.

Дар канори мардумат поянда бош.

Дар шабистони ҳама аҳли башар

Ҳамчу ахтар доимо тобанда бош!

Ту чароғи соябони миллатӣ,

Муътабар шахсе ту дар ҷамъиятӣ.

Садри донову хирадманду ҳаким,

Ифтихори бекарони миллатӣ!

Халқи тоҷик бо ту мефахрад, бидон,

З-он ки додӣ мардумонро ту макон.

Сарпарасте гашта бар ҷамъи ятим,

Чун падар бахшида бар мо обу нон

Эй ки ҳастӣқуввати рӯҳу равон,

Шамси иқболе барои тоҷикон,

То ки ҳастӣ, тухми шодӣ гул кунад,

Бар лаби ҳар кӯдаку пиру ҷавон.

Эй сиёсатдори дунёи навин,

Эй дилат чун шамси ховар озарин.

Сулҳҷӯиву адолатпарварӣ,

Ҳаст бар ҷону вуҷуди ту қарин.

Ин ҳама қудрат туро аз он Худост,

Пас зи мо бар даргаҳаш як каф дуост.

Даст бардоред, азизон, бар само,

Пешвои мо кафили бахти мост.

ИСТИҚЛОЛИЯТ

Чист истиқлолият?

Файзу иқболи ҳама аҳли ҷаҳон,

Сарбаландии тамоми мардумон.

Манбаи осудагии халқҳо,

Ифтихоре бар дили пиру ҷавон

Ҳар дилеро садҳазорон орзуст,

Орзуи ман – нишоти тоҷикон.

Қадри ин ганҷе, ки дода Пешво.

Дон азизам, аз замин то Каҳкашон.

Эй Сувайло, шукр кардан боядат.

Аз чунин ганҷе, ки дорӣ ройгон!

ҚАРОР

Додаракам Анасҷон,

Чолоку беқарор аст.

Ба ҳар кору ба ҳар чиз

Доимо ӯ кордор аст.

Вақте меояд аз дарс,

Рӯз то бегаҳ бекор аст.

Аммо аз хондани дарс,

Бовар кунед, безор аст.

Инро гуфтам ба очам,

Аммо очам серкор аст.

Бар падарам чун гӯям?

Вақте ӯ дар бозор аст.

Омадан ба як қарор

Барои ман душвор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *