Дидори Трамп бо Путин баргузор мешавад?
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви «Бистгонаи бузург», ки қарор аст ҳафтаи равон дар Ҷопон баргузор шавад, бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот хоҳад кард.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви «Бистгонаи бузург», ки қарор аст ҳафтаи равон дар Ҷопон баргузор шавад, бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот хоҳад кард.
Як масъули маъмурияти президенти ИМА гуфт, Трамп дар баробари Путин бо раҳбарони баъзе аз кишварҳои дигар низ мулоқот мекунад.
Аз ҷумла, ӯ бо президенти Чин, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва раисҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҷадвали дидору мулоқотҳои Доналд Трамп дар ҳоли ҳозир дар баррасӣ буда, бинобар ин, санаи дақиқи вохӯриҳо гуфта намешавад.
«Муносибатҳои ИМА ва Русия аз рӯи ҳамаи нишондодҳо бад буда, маъмурияти кунунӣ дар робита ба Русия сиёсати сахтеро пеш гирифтааст», — гуфт раиси Шӯрои равобити байналмилалии ИМА Ричард Хаас дар суҳбат бо Associated Press. Ба гуфтаи ӯ, барои комёб анҷом шудани мулоқот дар Ҷопон «ҳеч гуна омодагие дида нашудааст».
Путин ҳафтаи гузашта иқрор кард, ки аз соли 2014 ба ин сӯ кишвараш аз таҳримҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо мутаносибан 50 миллиард доллар зарар дидааст. Ин нишондод мавқеи Путин ва умедҳо ба созиши бузургеро, ки нуфузи Русияро дар ҷаҳон тақвият мебахшад, поин бурдааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ