Боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати заҳролудшавии муҳоҷирон

Пулиси шаҳри Одинтсвои вилояти Маскав дар робита ба заҳролудшавии оммавии муҳоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар корхонаи ин шаҳр парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Пулиси шаҳри Одинтсвои вилояти Маскав дар робита ба заҳролудшавии оммавии муҳоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон  дар корхонаи ин шаҳр парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар ин бора Татяна Петрова , раиси Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Маскав ба хабарнигорон иттило додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия аз рӯи моддаи 1-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия, яъне, “Вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидимологӣ , ки боиси беморӣ ва ё заҳролудшавии оммавии одамон шудааст” парванда кушода ва ин ҳодисаро тафтиш мекунанд.

Шаби 23 июн ҳудуди 50 тан аз муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон  бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз таом ба муассисаҳои тиббии шаҳри Одинтсво муроҷиат кардаанд. 12 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд.

То кунун 9 муҳоҷир дар бемористон муолиҷа мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Маскав дар саҳифааш дар Facebook навиштааст, ки дар корхонаи мебели шаҳри Одинтствои вилояти Маскав саломатии беш аз 100 нафар коргарон пас аз хӯрдани таом дар ошхонаи ин корхона бад шудааст.

Аммо ба навиштаи вай, дар ошхонаи корхонаи мебел маҳсулоти муддаташ гузашта истифода шуда ва раҳбарони корхона ба ин масъала аҳамияте надодаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.