Дилафрӯз Хоникбоева — тоҷикдухтаре дар дили Амрико
Дилафрӯз Хоникбоева дар шаҳри Хоруғ, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ҳоло 34 сол дорад ва қариб се даҳсола пеш ба Амрико муҳоҷир шудаву таҳсили мактаби миёна ва олиро дар он ҷо гирифтааст.
«Ман як бонуи муҳоҷири ҷавони тоҷики помирии исмоилимазҳаби мусалмон ҳастам. 25 сол пеш хонаводаам аз Тоҷикистон ба Амрико кӯч бастанд»,- навиштааст вай.
Ба гуфти худи ӯ, соли 1995 хонаводаи онҳо ба Амрико мераванд, ки дар ин вақт Дилафӯз ҳамагӣ 7 сол дошт.
“Албатта, рӯзҳои аввал дар мулки бегона барои ҳар кас мушкил аст. Хусусан, ҳангоми муошират бо атрофиён. Дар ибтидо шахсан худам ҳангоми муошират душворӣ мекашидам. Синну солам, ки хурд буд, дарҳол забонро аз худ намудам. Дар кӯтоҳтарин муддат бе душворӣ бо ҳамсабақонам гуфтугӯ мекардам”,- мегӯяд Дилафрӯз.
Тибқи иттилои дастрас, модараш ҳоло дар шабакаи маъруфи CNN кор мекунад ва падараш корманди ширкати маъруфи “Боинг” аст.
Баъди хатми мактаби миёна дар Амрико, ӯ таҳсилашро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон дар риштаи таҳлилу ҳалли низоъҳо ба ҳайси ҳуқуқшинос оғоз мекунад. Баъдан дар заминаҳои мудирияти буҳрон, мутахассиси ҳалли низоъҳо, ҳолатҳои буҳронӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷабҳаҳои зиндагии инсонҳо таҳсил ва омӯзиш кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ дар USAID, дар Вашингтон кори худро оғоз кард. Баъди як муддати фаъолият ӯро ба Бунёди Оқохон (AKF) дар ИМА ба кор даъват мекунанд, ки Дилафрӯз инро мепазирад.
Баъдан як бурсияи муҳими ҳукумати Амрико Presidential leadership scholars-ро дарёфт мекунад. Ин бурсия дар ИМА хеле бонуфуз аст, ки роҳи соҳибонашро барои рушд ҳам дар сиёсат ва ҳам дар ҷомеа хеле ҳамвор мекунад.
Дилафрӯз дар баробари кору фаъолият карданаш, узви раёсати созмони “People Tajikistan in America” мебошад. Ӯ донандаи забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва русӣ мебошад.
Тоҷикдухтар дар командаи Байден
Дилафрӯз Хоникбоева тоҷикдухтарест, ки тавонист дар Амрико ба як мансаби олӣ роҳ ёбад. Имрӯз дар дастаи Президенти ИМА Ҷо Байден ба ҳайси муаллими калон, мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ, банақшагирӣ ва омӯзиш дар USAID-и Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ фаъолият дорад.
«Ман савганд хӯрдам ва ба ҳайати тими Байден ҳамчун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) шомил шудам»,- ҳамон замон навишта буд Дилафрӯз.
Ташкилоти USAID ҳарчанд бевосита ба мудирияти Байден иртибот надошта бошад ҳам, марбут ба Ҳукумати Амрикост, ки роҳбараш феълан Ҷо Байден аст. Ва аз ин ҷост, ки вақти ба ин мансаб расидани Дилафрӯз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо мегуфтанд: “Тоҷикдухтар дар командаи Байден”.
Хоникбоева ҳамчунин дар саҳифааш навиштааст: “Барои ман ин кор комилан шахсист. Мо ба танҳоӣ наметавонем ба натиҷае бирасем. Ман рӯйи шонаҳои падару модар, ёру дӯстон, наздиконам ва ҷомеаи худ истодаам. Ман имрӯз хушбахтам, ки инсонҳои беҳтарине мисли волидайнам ва ҳамватанон дорам, ки доимо аз онҳо маслиҳату машварат мегирам. Ман хушнудам, ки кормандони муъҷизакори USAID-ро пуштибонӣ мекунам”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ