Дилафрӯзи узви ҳукумати Ҷо Байден кист?

Дилафрӯз мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) аст.

Хабари ба тими Ҷо Байден шомил шудани як зодаи Тоҷикистон корбаронро шигифтзада кардааст: чигуна ин духтарак аз Боми ҷаҳон тавонист дар дили Амрико муваффақ шавад
Дилафрӯз Хоникбоева, як тоҷикдухтар дар Амрико ба як мансаби олӣ тавонист роҳ ёбад. Хабар дар бораи он, ки як духтар аз Тоҷикистон ба тими президенти нави Амрико Ҷо Байден шомил шуд, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро шод ва шигифтзада кард.
Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки то куҷо ин хабар дуруст ва Дилафрӯз Хоникбоева кист.
Аслан дар бораи расидан ба як мансаби аршад дар Амрико худи Дилафрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.
Ба иттилои вай, ӯ ҳамакнун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) аст.

Ташкилоти USAID ҳарчанд бевосита ба мудирияти Байден иртибот надошта бошад ҳам, марбут ба Ҳукумати Амрикост, ки роҳбараш феълан Ҷо Байден аст.
Гузашта аз ин, худи Хоникбоева шомил шудан ба тими Байденро дар навиштааш тасдиқ мекунад.
«Ман савганд хӯрдам ва ба ҳайъати тими Байден ҳамчун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) шомил шудам», — менависад вай.
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук садҳо кораброн аз ин хабар изҳори хушнудӣ кардаву садҳо нафар ӯро ба ин муносибат шодбош гуфтаанд ва барояш комёбӣ таманно кардаанд.

Дилафрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш бо чанд забон ба шодишариконаш изҳори сипос кардааст ва гуфтааст, ки ҳатто интизор ҳам надошт, ки ин қадар мактубу шодбошӣ мегарад ва гоҳе ҳангоми хондани онҳо аз чашмонаш ғайриинтизор ашк рехтанд.
Дилафрӯз Хоникбоева кист?
Ин зани ҷавон, қариб се даҳсола пеш ба Амрико муҳоҷир шудаву таҳсили мактаби миёна ва олиро дар иёлот гирифтааст.
«Ман як бонуи муҳоҷири ҷавони тоҷики помирии исмоилимазҳаби мусалмон ҳастам. 25 сол пеш хонаводаам аз Тоҷикистон ба Амрико кӯч бастанд», — навиштааст вай ва афзудааст, ки дар як кишвари бегона мардуми хуб кӯмакаш карданд.
Дилафруз Хоникбоева 32-сола дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи коргар таваллуд шудааст.
Соли 1995 хонаводаи онҳо ба Амрико мераванд, ки дар ин вақт Дилафӯз ҳамаги 7 сол дошт.
Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт
Баъди хатми мактаби миёна дар Амрико, ӯ таҳсилашро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон дар риштаи таҳлилу ҳалли низоъҳо ба ҳайси ҳуқуқшинос оғоз мекунад.
Баъди хатми донишгоҳ дар USAID, дар Вашингтон кори худро оғоз кард. Баъди як муддати фаъолият ӯро ба Бунёди Оқохон (AKF) дар ИМА ба кор даъват мекунанд, ки Дилафрӯз инро мепазирад.

Баъдан як бурсияи муҳими ҳукумати Амрико Presidential leadership scholars-ро дарёфт мекунад. Ин бурсия дар ИМА хеле бонуфуз аст, ки роҳи соҳибонашро барои рушд ҳам дар сиёсат ва ҳам дар ҷомеа хеле ҳамвор мекунад.
Оиладор ва донандаи чанд забони хориҷӣ аст

Спутник

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *