Дилшод Қаҳрамони Тоҷикистон мешавад?

Ҷамъоварии имзо барои додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба Дилшод Назаров идома дорад.

                 

 Тарафдорони ин иқдом аз президенти  Тоҷикистон хостаанд, ки пирӯзии Дилшодро дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро бо ин унвони баланди давлатӣ қадр кунад.

Даҳҳо нафар аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон, дархост кардаанд, ки ба Дилшод Назаров – барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро – унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро диҳад. Аз соли 1997 ба ин сӯ шаш нафар, аз ҷумла Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, барои хидматҳояшон соҳиби ин унвон шудаанд. Бори охир, соли 2006, унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба Нусратуло Махсум ва Шоҳтемур Шириншо  дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *