Рио-216: 4-умин медали тиллои  Кения

     Варзишгарони Кения чорумин медали тиллои олимпиро дар 31-умин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба даст оварданд.Мусобиқаҳои дав дар сабқати мардон ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо анҷом ёфтанд. Дар ин сабқат варзишгари Кения Консеслус Кипруто аввалин шуда, ба марра  расид ва соҳиби медали тиллои олимпӣ гардид. Дар ин намуди дав ҷойи дуюм насиби варзишгари амрикоӣ Эван Ҷагер гардид. Медали биринҷии ин сабқатро Эсекел Кембои аз кишвари Кения соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки кишвари Кения тавонистааст то кунун 7 медали олимпиро дар сабқатҳои дави Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро- 2016 ба даст оварад, ки 4 медали он тилло ва се медали дигараш нуқра мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *